Моҳи сентябри соли 2025 бо ташаббуси раёсату шуъбаҳои маҳалливу минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони комиссариатҳои ҳарбии вилояти Суғд, шаҳру ва ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Кӯҳистони Мастчоҳ, Восеъ ва инчунин дар филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» семинару вохӯриҳо баргузор карда шуд.
Дар вохӯриҳои барпошуда кормандони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, таҳлили қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, вазъи ошкор ва баррасии қонуншиканиҳои коррупсионӣ ва ҷавобгарӣ барои онҳо, инчунин роҳҳои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қобили тазаккур аст, ки ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабинҳо ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ - зиддикоррупсионии аъзоёни комиссияҳои даъвати ҳарбӣ, кормандони Вазорати мудофиа ва дар ин замина пешгирии хавфҳу омилҳои коррупсионӣ аз ҷониби онҳо зимни даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ