Моҳи феврали соли 2026 бо ташаббуси кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакию Варзоб вохӯрӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар рафти он ҳайати васеи кормандони соҳаҳои гуногун, фаъолони ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ширкат варзиданд.
Дар чорабиниҳои доиргардида масъулини Агентӣ бо маърӯза оиди нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардида буд, баромад намуда, дар рафти он масъалаҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паём, дастури супоришҳои Роҳбари давлат ва нақши ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар ташаккули давлатдории миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, оид ба роҳҳои мубориза алайҳи коррупсия, тадбирҳои зиддикоррупсионӣ, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот баромад намуда, зимнан ба иштирокчиён талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал манзур карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ