10 апрели соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони ниҳодҳои зикршуда ва ба ин васила паст кардани шиддати коррупсия сӯҳбату вохӯриҳо бо иштироки роҳбарият ва кормандон баргузор гардид.
Дар чорабиниҳои барпошуда кормандони мақомот бо маърӯзаҳо баромад карда, роҷеъ ба қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, оқибатҳои ногувори даст задан ба қонуншиканиҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарӣ барои онҳо, инчунин роҳҳои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои алоқамандро мавриди муҳокимаронӣ қарор доданд.
Дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии иштирокчиён ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.
Маркази матбуоти Агентӣ