Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 17 ва 18 феврали соли 2026 вохӯрии кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо масъулин ва сокинони шаҳрҳои Конибодому Исфара ва ноҳияи Деваштич, инчунин бо кормандон ва донишљўёни МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Исҳоқӣ» сурат гирифт.
Дар вохӯриҳои доиргардида намояндагони Агентӣ доир ба аҳамияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, таъкид намуданд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат дар муқоиса ба Паёмҳои қаблӣ бо муждаҳои нав, хусусиятҳои хоси худ, натиҷагириҳои мусбӣ оид ба рушди соҳаҳои мухталифи кишвар ва мазмуну муҳтаво тафовут дошт.
Тазаккур дода шуд, ки дар Паёми Пешвои миллат оид ба пешбурди самаранокии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон ва занон масъалгузориҳо сурат гирифта, баҳри рушди соҳаҳои болозикр дастуру супоришҳо дода шуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ