Аз 13 то 16 августи соли 2025 тибқи Нақшаи кории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии масъулини мақомот бо фаъолон ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти Нури Вахш, Хуррамдиёр, Деҳқонобод, Навзамин, Ҷиликул ва Анористони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон сурат гирифт.  

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъулини Агентӣ ба самъи иштирокчиён муҳтавои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста тағйироту иловаҳои воридгардида ба қонунгузории ҷиноятиву маъмурӣ дар робита ба пешбинӣ гардидани ҷавобгарӣ дар самти истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, инчунин моҳияти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», роҳҳои пешгирии коррупсия, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ, таълиму тарбияи кӯдак ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат расонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар фазои озод ва мубоҳисавӣ сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории ин гуна вохӯриҳо пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Агентӣ