Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 29 январ ва 2 феврали соли 2026 вохӯрии кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои М.С.А. Ҳамадонӣ ва Фархор, инчунин Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара сурат гирифт.

Дар чорабинҳои барпошуда роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаҳо ва идораҳои зертобеъ, инчунин сокинон ва фаъолони ноҳияҳои болозикр ширкат варзиданд.

Зимнан дар рафти чорабиниҳо қайд карда шуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳуҷҷати тақдирсоз барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи Тоҷикистони азизамон маҳсуб ёфта, дастуру ҳидоятҳое, ки дар назди ҳар як соҳа гузоштанд, бояд чун дастури асосии афзалиятдошта ва барномаи рӯимизии ҳар як корманд бошад ва ҷиҳати иҷрои пурраву саривақтии онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Маркази матбуоти Агентӣ