Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 29 январи соли 2026 вохӯрии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ ва шуъбаи маорифи МИҲД ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва шахсони масъули ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, роҳбарони марказҳои дарёфт ва рушд, директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияҳо ва фаъолон ширкат варзиданд.
Зимнан дар рафти чорабиниҳо қайд карда шуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳуҷҷати тақдирсоз барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи Тоҷикистони азизамон маҳсуб ёфта, дастуру ҳидоятҳое, ки дар назди ҳар як соҳа гузоштанд, бояд чун дастури асосии афзалиятдошта ва барномаи рӯимизии ҳар як корманд бошад ва ҷиҳати иҷрои пурраву саривақтии онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Маркази матбуоти Агентӣ