Дар идомаи Нақша – чорабиниҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва ба ин васила паст кардани шиддати коррупсия моҳи апрели соли 2026 дар як қатор вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ вохӯриҳо баргузор карда шуд, ки дар рафти он доираи васеи хизматчиёни давлатӣ ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Аз ҷумла чунин чорабиниҳо дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида шуданд.

Дар рафти чорабиниҳо аз тарафи масъулини Агентӣ ба иштиркчиён муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионии кишвар, роҳҳои ошкорсозӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат фаҳмонида дода шуд.

Дар маҷмӯъ чорабиниҳои зикршуда дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ