Дар идомаи Нақша-чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади баланд бардоштан савияи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони соҳа моҳи апрели соли 2026 дар толорҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон, шуъбаи маориф ва толори беморхонаи марказии ноҳияи Рӯшон як қатор вохӯриҳо дар самти муқовимат ба коррупсия гузаронида шуданд.

Чорабинӣ бо иштироки намояндаи мақомоти Агентӣ, муовини раиси ноҳия, мудири шуъбаи маориф ва роҳбарони соҳаи тандурустӣ, сардорон ва кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.

Дар рафти чорабиниҳо нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025 ба самъи иштирокдорон расонида шуда, дар як вақт ба самъи иштирокчиён оид ба қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, фурӯш ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат маълуммотҳои зарурӣ пешниҳод гардид.

Маркази матбуоти Агентӣ