18 – уми марти соли 2026 кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандон, устодон ва донишҷӯён чорабиниҳои тарғиботиро баргузор намуданд.

Дар чорабиниҳо намояндагони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, оид ба намуди қонуншиканиҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ва илм, роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, тадбирҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони соҳа, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот ба соҳаи маориф ва илм баромад намуда, зимнан ба иштирокчиён талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал манзур карда шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ