Бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба коррупсия моҳи апрели соли 2026 бо ташаббуси воҳидҳои сохтории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии милии иттилоотии «Ховар»,  Маркази саломатии шаҳрии №15 шаҳри Душанбе, Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б.Искандарови АМИТ дар ВМКБ, Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ва Идораи рӯзномаи «Хатлон» чорабиниҳои таблиғотии зиддикоррупсионӣ гузаронида шуданд.

Дар чорабиниҳо доираи васеи кормандони соҳаҳо иштирок намуда, дар рафти он аз тарафи масъулини Агентӣ маърӯзаҳо вобаста ба нақши Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақша чорабиниҳои амалисозии дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030), инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ироа гардиданд.  

Маркази матбуоти Агентӣ