Дар идомаи Нақша-чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи феврали соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз вохӯрӣ бо роҳбарият ва кормандон баргузор гардид.

Дар чорабиниҳои доиргардида масъулини Агентӣ бо маъруза оиди нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардида буд, баромад намуда, дар рафти он масъалаҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паём, дастури супоришҳои Роҳбари давлат ва нақши ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар ташаккули давлатдории миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар баробари он оид ба роҳҳои мубориза алайҳи коррупсия, тадбирҳои зиддикоррупсионӣ, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот баромад намуда, зимнан ба иштирокчиён талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал манзур карда шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ