22 январи соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Россия ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи роҳбарият ва устодон доир ба рафти иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 сӯҳбату вохӯриҳо доир гардид.

Дар рафти чорабиниҳо садорати муассисаҳои олӣ доир ба мавзӯъ ибрози назар намуда, ахбороти масъулини самти иҷрои нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ вобаста ба натиҷаи фаъолият дар соли 2025, дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Зимнан кормандони Агентӣ вобаста ба мазмуну муҳтавои бандҳои дахлдори Стратегия, роҳу воситаҳои амалисозии онҳо, чораҳои муосири муқовимат ба коррупсия, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию рақамӣ дар донишгоҳ, ҷалби васеи донишҷӯён дар роҳи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дигар масъалаҳои мубрам баромад намуданд.

Дар баробари матраҳ намудани натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ вобаста ба амалисозии барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ инчунин ба ҳозирин нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат фаҳмонида дода шуда, таъкид гардид, ки ҳамаи мо бояд бо шукргузорӣ аз фазои осудаи кишвар, ваҳдати саросарии миллӣ, истиқлолияти комили Ватани азизамон барои пешрафти ҷомеа ва фароҳам овардани дастовардҳои нав беғаразона фаъолият намуда, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои раҳнамунсози сарвари мамлакат саҳми арзандаи хешро гузорем.

Маркази матбуоти Агентӣ