12 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Пешгирии коррупсия зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ» баргузор гардид, ки дар чорабинӣ аъзоёни комиссияҳои даъватии ҳарбӣ ва кормандони комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш иштирок намуданд.

Чорабинӣ дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотии Агентӣ доир гардида, ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии иштирокчиён оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар раванди даъват ба хизмати ҳарбӣ нигаронида шуда буд. Дар рафти чорабинӣ муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба пешгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия мусоидаткунанда, бахусус дар ҷараёни корҳои комиссияҳои тиббии ҳарбӣ, ба таври муфассал таҳлил карда шуданд.

Таъкид гардид, ки бо фароҳам омадани шароити мусоид барои хизматчиёни ҳарбӣ, теъдоди хоҳишмандони хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёфта, ин аз болоравии ҳисси ватанпарастӣ ва муҳаббат ба Ватан дар байни насли ҷавон дарак медиҳад.

Маркази матбуоти Агентӣ