Санаи 26 майи соли 2026 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба шаффофият ва муқовимат ба коррупсия вобаста ба муаррифии Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) семинари омӯзишӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ ҷабҳаҳои муҳими Нақша, аз ҷумла мукаммалгардонии қонунгузории миллӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, тақвият бахшидани пешгирии коррупсия дар соҳаҳое, ки фаъолияташон аз нигоҳи коррупсия осебпазир маҳсуб меёбанд, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дар раванди муқовимат ба коррупсия, ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои инсонӣ, тақвият бахшидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар раванди пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ба тақвияти ҳамкории намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, таъмини самаранокии фаъолияти онҳо ҷиҳати иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва муаррифии дурусти дастовардҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ диққати махсус зоҳир гардида, намояндагони Эътилоф изҳор доштанд, ки баргузории ин қабил чорабиниҳо ба таъмини рушди устувор, эътимоди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва баланд шудани мавқеи кишвар дар радабандиҳои байналмилаӣ заминаи мусоид фароҳам меоаварад.
Дар фарҷом оид ба роҳу усулҳои муосири паст намудани шиддати коррупсия, аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба ин зуҳуроти номатлуб мусоидаткунанда, механизми татбиқи тавсияҳои созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдошта дар самти муқовимат ба коррупсия табодули таҷриба сурат гирифта, намояндагони эътилоф омодагии худро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия дар марҳилаи дуюм (барои солҳои 2026-2030) изҳор намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ