Санаи 15-уми майи соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вобаста ба муаррифии Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (2026-2030) дар маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини мақомоти марказии соҳаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулини Агентӣ доир ба мазмуну моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар марҳилаи дуюми (солҳои 2026-2030) ва натиҷаи мониторинги маҷмӯии ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабинии амалисозии он бо ҷамъбасти панҷ соли фаъолият бо маъруза баромад намуда, зимни он ба ҳозирин роҳу усулҳои амалигардонии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва тартиби омодасозии Барномаи дохилиидоравии (соҳавии) зиддикорупсияонӣ фаҳмонида шуд.
Зимнан, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм солҳои (2026-2030) тамоми чорабиниҳои судмандро амалӣ намуда, ба ин васила баҳри пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.
Дар умум, чорабинӣ дар фазои зиддикорупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавонад гуфт, ки дар оянда он ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, коҳиш додани шиддати он ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ нақши муҳим мегузорад.
Маркази матбуоти Агентӣ