Дар асоси «Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба амалисозии Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2025 - 2026», ҳамзамон бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия 29 майи соли 2025 аз ҷониби Агентӣ дар ҳамбастагӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус дар мавзӯи «Мусодираи ғайриҷиноятии дороиҳои коррупсионӣ» тариқи маҷозӣ семинари омӯзишӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар рафти он кормандони ҳарду ниҳод ширкат варзиданд.
Зимни чорабинӣ масъулини ниҳодҳо дар мавзӯҳои «Таҷрибаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мусодираи молу мулк» ва «Танзими қонунгузории Ҷумҳурии Беларус ва амалияи татбиқи ҳуқуқ дар бораи мусодираи ғайриҷиноятии дороиҳои коррупсионӣ» баромад намуда, вобаста ба таҷрибаи худ ибрози андеша карда, дар қисмати хотимавии чорабинӣ иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Боиси қайд аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои муштарак барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам оварда, дар назар аст, ки аз натиҷаи он ҷонибҳо аз таҷрибаи муосири зиддикоррупсионии тарафҳо баҳраманд мегарданд.
.jpg)
Маркази матбуоти Агентӣ