Санаи 2-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толории маҷлистгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Бонк дар мавзӯъҳои «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия» ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари омӯзишӣ баргузор карда шуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии кормандони соҳа, пешгирӣ аз содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда, инчунин таъмини амиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия гузаронида шуда, дар рафти кори он ба иширокчиён мазмун ва муҳтавоии қонунгузорӣ ва барномаҳои давлати дар самти муқовимат ба коррупсия ҳамаҷониба тавзеҳ дода шуд.
Дар маҷмӯъ чорабинии болозикр дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ