Дар доираи Нақша-чорабиниҳои шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор санаи 12-уми ноябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода бо ҷалби омӯзгорон ва донишҷуёни Муассисаҳои давлатии таълимии «Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода» ва «Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода» дар мавзӯи: «Нақши ҷавонон дар муқовимат ба коррупсия» семинари илмӣ-амалӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии доиргардида намояндагони шуъбаи Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии омӯзгорону донишљӯён, пешгирӣ аз содирнамоии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда ва таъмини амиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия суханронӣ намуда, ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсияро тавзеҳ доданд.

Дар маҷмӯъ чорабинии болозикр дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар соҳаи маориф ва илм ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ