Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2025, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст,     8 августи соли 2025 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Саидзода И.И., роҳбарият ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин сардорони воҳидҳои маҳаллию минтақавии мақомот ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Сароғоз директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид чорабиниро ифтитоҳ намуда, ба хабарнигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 маълумот пешкаш карданд. 

Таъкид гардид, ки дар ин давра кормандони Агентӣ бо мақсади роҳандозии муқовимати низомнок ба омилу кирдорҳои коррупсионӣ, инчунин огоҳсозӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи зиддикоррупсионии шаҳрвандон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 972 вохӯриҳо гузаронида, ҳамзамон 1058 ҳолати содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқамандро ошкор ва баррасӣ намуданд.

Бо натиҷаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии 755 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар 165 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои мушаххас манзур гардидааст.

Дар давраи сипаригардида баррасии саривақтии 1868 муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ таъмин гардида, бо онҳо қарорҳои қонунӣ қабул карда шудааст.

Ҳамзамон аз ҷониби мутахассисони Агентӣ 246 тафтишу санҷишҳо гузаронида шуда, ба маблағи 624,1 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудаанд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ  616 млн. сомонӣ ё 98,7 фоиз, инчунин аз ҳисоби тадбирҳои иловагӣ вобаста ба рӯёнидани бақияпулиҳои андоз, зарарҳои ошкоршудаи соли қаблӣ ва даромад кардани зиёдомади молу мулк, 21,9 млн. сомонӣ, ҷамъ 637,9 млн. сомонӣ ба манфиати давлат барқарор гардидааст.

Инчунин, тавассути чораҳои иловагии андешидаи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомот аз ҳисоби таъини ҷаримаҳои маъмурӣ, чораандешӣ оид ба рӯёнидани қарзи андозҳо ва дигар корҳои таҳқиқу тафтишотӣ 23,7 млн. сомонӣ ба буҷети давлат барқарор карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи якуми соли 2025 мақомоти Агентӣ аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият 661,6 млн. сомонӣ барқарор намудааст, ки 267,9 млн. сомонии он бевосита ба суратҳисобҳои буҷети давлатӣ ва 384 млн. сомонӣ ба корхона ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, инчунин 9,7 млн. сомонӣ ба ҷамъиятҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон мебошад.

Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1245 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноятҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастабударо нисбати 710 нафар ошкор намуда, тафтиши пешакии 571 парвандаи ҷиноятиро нисбати 528 нафар ба итмом расонида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол намудаанд.

Дар идома намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Агентӣ якчанд савол пешниҳод намуданд, ки ба онҳо посухҳои дақиқ ва қаноатбахш дода шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ