Моҳи марти соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ва дар қисми ҳарбии 0412 РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ вохӯриҳо баргузор гардид.

Дар вохӯриҳои доиргардида намояндагони Агентӣ доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, таъкид намуданд, ки дар Паёми Пешвои миллат оид ба пешбурди самаранокии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон ва занон масъалгузориҳо сурат гирифта, баҳри рушди соҳаҳои болозикр дастуру супоришҳо дода шуданд.

Ғайр аз ин, дар рафти вохӯрӣ ба ҳозирин талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он ва ғайра фаҳмонда дода шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ