Санаи 18 августи соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар мавзуӣ «Муқовимат ба коррупсия - кори дастаҷамъист» мулоқоти судманд доир карда шуд, ки дар рафти он роҳбарият ва кормандони МИҲД шаҳри Ваҳдат, роҳбарону кормандони ниҳодҳои давлатӣ, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр иштирок доштанд.
Дар чорабинии доиргардида масъулини Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳа, пешгирӣ аз содирнамоии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия, инчунин ҷиҳати таъмини амиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда тавзеҳҳои дахлдор дода шуд.
Дар маҷмӯъ чорабинии болозикр дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ