Санаи 5-уми августи соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии мақомот дар мавзўъҳои «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия» ва «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрии судманд барпо гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳа, пешгирӣ аз содирнамоии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда, инчунин таъмини амиқи қонунгузории кишвар дар самти муқовимат ба коррупсия доир гардида, дар рафти он ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавоии қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии дар самти муқовимат ба коррупсия тавзеҳ дода шуд.

Дар маҷмўъ, чорабинӣ дар руҳияи зиддикоррупсионӣ баргузор гашта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён таъсири мусбат хоҳад расонид.

Маркази матбуоти Агентӣ