Дар асоси Нақша – чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бо мақсади баланд бардоштан савияи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони соҳаи бонкӣ, дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштирок намояндагони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, мудир ва кормандони шуъбаи Бонки милли Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ баргузор гардида, дар рафти он доир ба нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум солҳои 2021-2025», ҳамзамон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои муфассал пешниҳод намуд, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи бонкӣ ба масъулин тавсияҳо ва дастурҳои мушаххас дода шуд.
Дар интиҳо иштирокчиённ доир ба мушкилотҳои самти фаъолият ибрози андеша намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матуботи Агентӣ