20 январи соли 2026 бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар маҷлисгоҳи шуъба вохӯрии масъулини мақомот бо кормандони Комиссариати ҳарбӣ, Ҷамоатҳои деҳот ва мутахассисони самти танзими ҷашну маросими шаҳри Панҷакент бургузор гардид.
Дар чорабинии доирагардида аз тарафи роҳбарияти шуъба ва кормандони он оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳои пурмуҳтаво намуда, дастуру супоришҳои аз ҷониби Роҳбари давлат дар Паёми навбатӣ ироашударо ба самъи масъулин расониданд.
Ҳамзамон, дар идомаи чорабинӣ аз тарафи кормандони мақомот вобаста ба моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», инчунин масъалаҳои мубориза бо коррупсия, ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм баромадҳо карда шуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ