Дар асоси нақша - чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо иштироки кормандони раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон вохурӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ талаботи «Стратегияи миллии идора намудани сарҳад барои давраи то соли 2025», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фурӯш ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамзамон иҷроиши талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби намояндаи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ба саҳми иштирокчиён расонида шуд.

Дар интиҳо иштирокчиён дар доираи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, бахусус кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Стратегияи миллии идора намудани сарҳад барои давраи то соли 2025» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин мушкилотҳои соҳа дар ин самт ибрози андеша намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази матбуоти Агентӣ