Дар идомаи Нақша-чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади баланд бардоштан савияи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони соҳа 11 июни соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сӯҳбату вохӯрӣ дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти ВМКБ, раиси ноҳияи Ишкошим муҳтарам Иматшозода Анвар Иматшо, муовинон, сардорони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Ишкошим баргузор гардида, нахуст раиси нохия бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро кушода, баъдан вобаста ба мавзӯъҳои баррасишаванда намояндаи раёсат баромад намуд.
Дар интиҳо иштирокдорон дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин мушкилотҳои соҳа дар ин самт ибрози андеша намуда, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ