Санаи 20-уми майи соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ, Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, ҷамъиятҳои «Корезлоиҳа», «Саноатсоз», «Шаҳрофар» ва корхонаҳои воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ», «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» ва «Лоиҳакаш» ҷиҳати таҳлили қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, инчунин вобаста ба тағйиру иловаҳои воридшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар чорабинии барпошуда кормандони мақомот ба масъулини соҳаи сохтмон ва меъморӣ мазмун ва муҳтавои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ҷавобгарӣ барои онҳоро таҳлил намуда, роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, тадбирҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони соҳа ва оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот дар соҳа ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ғайр аз ин, зимни баргузории вохӯрӣ ба иштирокчиён моҳияти тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонунгузории миллӣ дар самти истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва ҷавобгарӣ барои содир намудани ин кирдорҳоро фаҳмонида шуда, масъулияти кормандони соҳаро ҷиҳати қатъиян худдорӣ намудан аз содир намудани қонунвайронкуниҳо дар самтҳои истифодаи ғайримақсадноки қувваи барқ таъкид намуданд.

Маркази матбуоти Агентӣ