28 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар толори маҷлистгоҳи Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо иштироки ректор, профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ вохўрӣ дар мавзўи: «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф ва илм: мушкилот, дурнамо ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъулини Агентӣ ба самъи иштирокчиён оид ба моҳияти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), роҳҳои пешгирии коррупсия, тағйироту иловаҳои воридгардида ба қонунгузории ҷиноятиву маъмурӣ дар робита ба пешбинӣ гардидани ҷавобгарӣ дар самти истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ, таълиму тарбияи кӯдак ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат расонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар фазои озод ва мубоҳисавӣ сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории ин гуна вохӯриҳо пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо арзёбӣ мегардад.
Маркази матбуоти Агентӣ