Давоми моҳи майи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҷалби ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Данғара, Муминобод ва Ховалинг якчанд вохўриҳои судманд анҷом дода шуд.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъулини мақомот вобаста ба шарҳу тавзеҳоти қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, пешгири зуҳуротҳои номатлуби коррупсия, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро, тағйиру иловаҳои ба қонунгузории миллӣ воридшуда вобаста истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баромадҳои пурмуҳтаво ироа карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Агентӣ