Санаи 12 августи соли 2025 дар бинои Қасри фарҳанг  ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии масъулини мақомот бо фаъолон ва сокинони ноҳия баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, намояндагон аз ниҳодҳои давлатӣ, кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, имомхатибон ва сокинони ноҳия ширкат варзиданд.

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъулини Агентӣ ба самъи иштирокчиён муҳтавои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста тағйироту иловаҳои воридгардида ба қонунгузории ҷиноятиву маъмурӣ дар робита ба пешбинӣ гардидани ҷавобгарӣ дар самти истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, инчунин моҳияти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», роҳҳои пешгирии коррупсия, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ, таълиму тарбияи кӯдак ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат расонида шуд.

Қобили зикр аст, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, истифодаи дурусти нерӯи барқ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Агентӣ