5 феврали соли 2026 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе» ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ бо омӯзгорон, хонандагон ва сокинони пойтахт баргузор гардид.
Дар чорабиниҳои доиргардида масъулини Агентӣ бо маъруза оиди нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардидабуд, баромад намуда, дар рафти он масъалаҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паём, дастури супоришҳои Роҳбари давлат ва нақши ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар ташаккули давлатдории миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари он оид ба роҳҳои мубориза алайҳи коррупсия, тадбирҳои зиддикоррупсионӣ, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот баромад намуда, зимнан ба иштирокчиён талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал манзур карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ