Давоми моҳи январи соли равон бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар Ҷамоатҳои деҳоти Ёрӣ, Амондара ва Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент вохӯриҳо гузаронида шуданд, ки дар рафти он масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии, омӯзгорон, фаъолон ва сокинони ин минтақаҳо ширкат варзиданд.
Дар чорабиниҳои доиргардида кормандони шуъба бо маъруза оиди нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардидабуд, баромад намуданд.
Дар баробари он оид ба роҳҳои мубориза алайҳи коррупсия, тадбирҳои зиддикоррупсионӣ, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот баромад намуда, зимнан ба иштирокчиён талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал манзур карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ