Моҳи январи соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии ноҳияи Спитамен бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои зертобеи мақомот ва фаъолону сокинони ноҳия вохурии судманд дар мавзӯӣ «Паём-роҳнамои ояндаи босаодат» баргузор гардид.
Дар вохӯрии доиргардида намояндагони Агентӣ доир ба аҳамияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки Паёми имсола дар муқоиса ба Паёмҳои қаблӣ бо муждаҳои нав, хусусиятҳои хоси худ, натиҷагириҳои мусбӣ оид ба рушди соҳаҳои мухталифи кишвар ва мазмуну муҳтаво тафовут дошт.
Тазаккур дода шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миллат оид ба пешбурди самаранокии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон ва занон масъалгузориҳо сурат гирифта, баҳри рушди соҳаҳои болозикр дастуру супоришҳо дода шуданд.
Зимнан дар аснои вохӯрӣ маърӯзачиён, оид ба омилҳои коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, тадбирҳои пешгирии коррупсия дар байни кормандони соҳаҳои мухталиф, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот бо дарҷи мисолҳои мушаххаси тафтишотӣ баромад намуда, ба иштирокчиён оид ба талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал манзур намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ