Моҳи феврали соли равон бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №47-и шаҳри Панҷакент вохӯрии масъулини мақомот бо кормандони бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон, шуъбаи маорифи шаҳр, омӯзгорон ва волидайну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳр баргузор сурат гирифт.
Чорабинии мазкур ба масъалаи раванди имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ равона гардида, ҳадафи он таъмини арзёбии объективӣ, шаффоф ва одилонаи дониши довталабон зимни имтиҳонҳои давлатӣ ва баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёнаю олии касбӣ арзёбӣ гашт.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъулини мақомоти Агентӣ ба иштирокчиён роҷеъ ба қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардида, дар идомаи он масъалаи муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф ва нақши омўзгорону толибилмон дар паст кардани шиддати ин зуҳурот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ