2 феврали соли 2026 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №19-и пойтахт вохӯрии масъулини мақомот бо кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳамин ноҳия баргузор карда шуд.

Чорабинӣ ба масъалаи раванди имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ равона гардида, ҳадафи он таъмини арзёбии объективӣ, шаффоф ва одилонаи дониши довталабон зимни имтиҳонҳои давлатӣ ва баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёнаю олии касбӣ арзёбӣ гашт.

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъулини Агентӣ ба иштирокчиён роҷеъ ба қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардида, дар идомаи он масъалаи муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф ва нақши омўзгорону толибилмон дар паст кардани шиддати ин зуҳурот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ