Моҳи апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсату шуъбаҳои маҳалливу минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор вохӯриҳо баргузор карда шуд, ки дар рафти он ҳайати васеи кормандони маориф, фаъолони ҷамъиятӣ ва сокинон ширкат варзиданд.
Дар рафти чорабиниҳо аз тарафи масъулини мақомоти Агентӣ ба иштирокчиён вобаста ба қонунгузории амалкунандаи зиддикоррупсионии кишвар ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маълумоти муфассал пешниҳод гардида, дар идомаи он масъалаи муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф ва нақши омӯзгорон дар паст кардани шиддати ин зуҳурот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ