23 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бо ташаббуси кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт вобаста ба пешгирии сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда бо кормандону фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрии судманд гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинӣ раванди иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия мавриди муҳокима қарор гирифта, аз тарафи кормандони мақомот ба саволҳои ҳозирин вобаста ба роҳу усулҳои амалисозии талаботҳои Стратегия посухҳои мушаххас манзур гардид.

Дар фарҷом таъкид карда шуд, ки ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо шаҳрвандонро водор менамояд, ки дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан ва ҳуқуқу озодиҳои ҳамватанон талош намуда, барои Тоҷикистони азизу миллати шарафманди худ содиқона хизмат намоем.

Маркази матбуоти Агентӣ