19 январи соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии кормандони мақомот бо сокинони ноҳия баргузор гардид, ки дар рафти чорабинӣ раиси ноҳия, роҳбарият ва кормандони мақомот, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сокинону фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия гузаронида шуда, дар рафти он аз тарафи масъулини Агентӣ муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», инчунин моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фаҳмонида дода шуд.
Дар маҷмӯъ вохӯрӣ дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ.