Моҳи июли соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон вохӯрии кормадони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раванди дар амал татбиқ намудани «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ба ҳозирин фаҳмонида дода шуда, қайд гардид, ки коррупсия мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир буда, он ҳамчун падидаи сиёсию иҷтимоӣ ба тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, некӯаҳволии мардум, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ тибқи қонунгузории мамлакат ва оинномаҳои ҳарбӣ фаъолият намуда, аз ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ қатъиян худдорӣ намоянд ва иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбиро тибқи талаботи қонунгузорӣ таъмин намоянд.
Маркази матбуоти Агентӣ