16 октябри соли 2025 дар бинои Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент семинари машваратӣ ташкил ва бургузор карда шуд.

Дар чорабинӣ сардори шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон бо маърӯза баромад карда иброз дошт, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун бахши муҳим ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва дар ин замина оид ба пешгирии содирнамоии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда, нақши кормандони соҳаи тандурустӣ дар муқовимат ба коррупсия, инчунин ҷиҳати таъмини амиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи қувваи барқ, танзими ҷашну маросим, таълиму тарбияи кӯдак суханронӣ намуд.

Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Агентӣ