13 августи соли 2025 бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар толори маҷлисгоҳи Шабакаҳои барқии шаҳри Панҷакент бо иштироки роҳбарият ва кормандони соҳаи барқ вохӯрӣ ташкил ва бургузор карда шуд.​

Дар чорабинии доиргардида масъулини Агентӣ вобаста ба масоили муқовимат ба коррупсия, амалисозии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим, таълиму тарбияи кӯдак, мубориза бо терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуданд.

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои озоду мубоҳисавӣ гузаронида шуда, умед аст, ки натиҷаҳои он барои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи барқ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Маркази матбуоти Агентӣ