Моҳи июли соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ аз тарафи кормадони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар толори маҷлистгоҳи раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон вохӯрӣ бо роҳбарият ва кормандони ин раёсат баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Агентӣ талаботи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фурӯш ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамзамон иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ба саҳми иштирокчиён расонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
Маркази матбуоти Агентӣ