3 сентябри соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ҳайати шахсии раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии самаранок дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ масъулини раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррпусия» ва талаботи «Стратегияи миллии идора намудани сарҳад барои давраи то соли 2025» маърӯза ироа намуда, зимнан аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаи муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ва ташаккули фазои оштинопазирӣ бо коррупсия чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дар интиҳо дар доираи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, бахусус кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои қонеъкунанда дода шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ