16 июли соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ аз тарафи кормадони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо ҳайати шахсии раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон гумруки Кӯлоб вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ аз тарафи масъулини Агентӣ раванди дар амал татбиқ намудани «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, инчунин тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, пешгири зуҳуроти номатлуби коррупсия, терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ тавзеҳоти муфассал дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Агентӣ