Дар идомаи Нақша – чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нимсолаи дуюми соли 2025, моҳи августи соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштан савияи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони соҳаи молия дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати молияи ВМКБ вохӯрии судманд гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ масъулини раёсати Агентӣ дар ВМКБ, роҳбарият ва кормандони сарраёсати молия ва раёсати молияи шаҳри Хоруғ иштирок намуда, дар рафти он доир ба нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум солҳои 2021-2025, инчунин дигар қонунҳои соҳавӣ музокирот доир гардид.
Бояд қайд намуд, ки мақсади баргузории вохӯрӣ ин баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи молия, пешгирии ҳолатҳои содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва таъмини иҷрои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
Маркази матбуоти Агентӣ