15 январи соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»-и Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Корхона ҷиҳати муаррифии нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 вохӯрӣ доир карда шуд.
Қайд гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳуҷҷати тақдирсоз дар самти пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи Тоҷикистони азизамон маҳсуб ёфта, дастуру ҳидоятҳое, ки дар назди ҳар як соҳа гузоштанд, бояд чун дастури асосии афзалиятдошта ва барномаи рӯимизии ҳар як корманди соҳаи муайян бошад ва ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ аз тарафи масъулини Агентӣ ба ҳозирин вобаста ба мазмун ва муҳтавои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, тадбирҳои зиддикоррупсионӣ ва оқибатҳои даст задан ба ин кирдори номатлуб, инчунин вобаста ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ