27-уми январи соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зертобеони Корхона вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар рафти он кормандони Агентӣ бо маъруза оиди нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ аз тарафи масъулини Агентӣ ба ҳозирин вобаста ба мазмун ва муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, тадбирҳои зиддикоррупсионӣ ва оқибатҳои даст задан ба ин кирдори номатлуб, инчунин вобаста ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар маҷмӯъ, чорабинии болозикр дар фазои зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ