9-уми феврали соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо роҳбарият ва кормандони ин ниҳод гузаронида шуд, ки дар рафти он ба иштирокчиён нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон ироа карда шуд.
Ғайр аз ин, дар ҳошияи чорабинӣ масъулини мақомот дар бораи моҳияти қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумот дода, вобаста ба роҳҳои пешгирии коррупсия, тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонунгузории ҷиноятӣ ва маъмурӣ марбут ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, инчунин масъалаҳои муҳими дигар, аз қабили анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ва таълиму тарбияи наврасону кӯдаконро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар маҷмӯъ, вохӯрӣ дар фазои зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ