30 январи соли ҷорӣ дар доираи Нақша-чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар масъулини мақомот бо кормандони раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар вилояти Хатлон вохӯрии судманд анҷом доданд.
Дар рафти чорабинӣ масъулин ба иштирокчиён дар бораи моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маълумот дода, ба ҳозирин роҳҳои муқовимат ба коррупсия ва тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонунгузории ҷиноятиву маъмурӣ марбут ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқро фаҳмонда, аз онҳо барои роҳандозии корҳои ободониву созандагӣ ва таълиму тарбияи наврасону кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ даъват ба амал оварданд.
Маркази матбуоти Агентӣ